Хуҷанд: беэҳтиётӣ-сабаби сӯхтор
Хуҷанд, 13.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Танҳо дар даҳрӯзаи аввали соли ҷорӣ дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд боз ду сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри .Хуҷанд иттилоъ доданд, танҳо дар даҳрӯзаи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ дар микёси шаҳр боз ду ҳодисаи сӯхтор ба амал омад, ки дар он хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар умум, дар давоми соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳр 49 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба амал омад, ки маблағи зарари он 1 млн. 071 242 сомониро ташкил дод.
Ба гуфти манбаъ, яке аз сабабҳои асосии сар задани сӯхтор- ин беэҳтиётӣ нисбат ба оташ, истифодаи таҷҳизоти вайронаи гармидиҳии барқӣ ва нодуруст истифода бурдани таҷҳизоти гази моеъ буда, аз шумораи умумии сӯхторҳо 10 ҳодиса вобаста ба нодуруст ё беаҳамиятона истифода бурдани зарфи гази моеъ аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






