Хуҷанд: Мусобиқаи вилоятӣ оид ба дзюдо
Душанбе, 15.12.2014. (АМИТ “Ховар”. Ситораи Боймурод).- Дар толори варзишии намудҳои гӯштини шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба намуди гӯштини тарзи дзюдо байни варзишгарони 13-15 ва 12-14 сола баргузор гардид.Тавре ки аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят хабар доданд, дар мусобиқа 230 нафар варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Спитамен, Мастчоҳ, Ғончӣ, Ҷаббор Расулов аз рӯи 20 вазн иштирок намуданд.Дар натиҷа дастаи варзишгарони ноҳияи Мастчоҳ ба гирифтани ҷойи якум, дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҷойи дуюм ва дастаи варзишгарони шаҳри Чкалов ба гирифтани ҷойи сеюми мусобиқаи мазкур сазовор гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






