Хуҷанд: Ярмаркаи ҷойҳои корӣ
Душанбе, 18.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дирӯз дар Муассисаи давлатии Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ярмаркаи вилоятии ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид.Дар ярмарка Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Қайроққум, Мастчоҳ, Спитамен, Истиқлол, Ҷаббор Расулов, Чкалов ва КВД Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.Тавре ки аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар ин рӯз аз ҷониби 122 ташкилоту муасиссаи шаҳру ноҳияҳои номбаршуда 1530 ҷойи кории холӣ пешниҳод шуд. Дар ярмарка ба 17 нафар шаҳрванди корҷӯй роҳхат ба кори доимӣ дода шуда, 7 нафар шаҳрванде, ки соҳибкасб шудан мехост, барои касбомӯзӣ номнавис шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






