Иҷлосияи фаврӣ кадом қарорҳоро қабул кард?
Душанбе, 13.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар иртибот ба баргузории интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки бо Фармони Президенти кишвар 1 марти соли 2015 таъин карда шудааст, дар пойтахт 70 ҳавзаи интихоботӣ созмон дода мешавад. Инчунин Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳайати 11 нафар ташкил карда мешавад. Дар робита ба масъалаҳои зикршуда, дар иҷлосияи бистуякуми шаҳрӣ, ки 12 декабр ба таври фаврӣ даъват карда шуд, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси муқаррарот ба Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо пешниҳоди 8 аҳзоби сиёсӣ намояндагони ҳар кадоме аз онҳо ва се нафар собиқадорон шомил гардиданд.Дар анҷоми иҷлосияи шаҳрӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳайати Комиссияи шаҳрии интихоботро даъват намуд, ки барои таъмини волоияти қонун ва шаффофияти баргузории интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе чораҳои зарурӣ андешанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






