Иброҳимӣ Парлумони Тоҷикистонро дар минтақа муваффақ номид

Декабрь 4, 2014 15:31

   Душанбе, 4.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Мо хоҳони он рӯзу соате ҳастем, ки халқи бародари ҷафокашидаи Афғонистон ба сулҳу ҳамдигарфаҳмии комил бирасад». Ин нуктаро 4 декабр Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни вохӯрияш бо Абдул Рауф Иброҳимӣ -раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъкид кард.
    Шукурҷон Зуҳуров ҳамтои афғони худро ба сарзамини Тоҷикистон хайрмақдам гуфта, тасъсиси хуқумати ваҳдаи миллиро дар Афғонистон ба кулли мардуми бародари афғон муборакбод намуд.
   Раисони палатаҳои поёнии парлумонҳои Тоҷикистону Афғонистон дар  мулоқот бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва тавсеаи равобити ҳасана дар арсаҳои мухталиф байни Душанбе ва Кобул таваҷҷуҳ намуданд.
Шукурчон Зуҳуров гуфт, ки Тоҷикистону Афғонистон кишварҳои фарҳангофару фарҳангпарваранд, фарҳанги ғании муштарак доранд ва бузургони  илму адаб, назири Мавлавии Балху Мавлонои Ҷомро пирони маънавии хеш меноманд.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷаласаву ҳамоишҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар радифи Тоҷикистон ҳатман дар бораи Афғонистону мушкилоти он сухан ронда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли бетаъхиру мусолиматомези қазияи Афғонситон ҷалб мекунанд. Мо дар муносибат ба кишварҳои ҳамҷавор ҳамеша як ҳикмати машҳури халқамонро дар ёд медорем, ки мефармояд: «Хона нахар, ҳамсоя бихар». Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он аст, ки ҳамсояҳои хуб дорад ва самимона мехоҳад, ки дар асоси ҳамҷавории нек ва нияту муносибатҳои ҳасанаи тарафайн барои фардои дурахшони хешу ҳамсояҳои хеш талош намояд.
Мо дар муносибатҳои хеш бо ҳамсояҳо, бахусус кишварҳои ҳамфарҳанг, ба густариши ҳамкориҳои маънавию фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса дорем ва бар он боварем, ки ин амал ба таҳкими асолати миллӣ ва қаробату муҳаббати самимии мардумонамон мусоидат менамояд.
Раиси парламенти касбии кишвар таъкид намуд, ки мо дар ҳамдастӣ бо Афғонистон, Эрон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни бузурги бостониамонро эҳё кардем ва инак, он бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мешавад. Ҳамроҳ ҷашн гирифтани Наврӯз дар Душанбе, Теҳрон ва Кобул на танҳо ба қаробати  бештари кишварҳоямон мусоидат намуд, балки фарҳанги бостониамонро умри дубора бахшидаву ба хидмати ниёзҳои имрӯзи халқҳоямон сафарбар кард.
         Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ низ хостори густариши муносиботи парлумони кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Мавсуф таъкид кард, ки Парлумони Тоҷикистон дар минтақа  ҳамчун парлумони муваффақ ном баровардааст ва истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумони Тоҷикистон барои такмили фазои қонунгузорӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард.
Абдул Рауфи Иброҳимй аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд.
Дар мулоқот ҳамзамон доир ба масоили тақвияти ҳамкориҳои  ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу коммуникатсия, фарҳанг ва таҳкими равобити  минтақаҳои наздисарҳадӣ табодули назар шуд.    
 
 

Декабрь 4, 2014 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«AGRO PRO EXPO-2025». Соҳибкорони тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок доранд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Дар Риёз байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдоди Малик Салмон созишнома ба имзо расид
ОБ ВА САЛОМАТИИ ИНСОН. Нӯшидани оби тоза умри одамро ба ҳисоби миёна 15-20 сол зиёд менамояд
Чӣ тавр метавон интернети хонагиро бо нархи муфид пайваст намуд
Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Панҷакент дар 3900 гектар картошка кишт карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Вобаста ба фаъолияти китобхонаҳо дар шароити ҷаҳонишавии технологияҳои муосир ҳамоиш баргузор шуд
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба сарбозон 1000 китоб тақдим намуд
Дар Парки инноватсионии саноатию технологии Дарвоз нӯшоба аз хуч ва чой бо таъми шафтолу истеҳсол мегардад
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони доимии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад