Иди «Вечёрка» барои кӯдакон

Декабрь 22, 2014 13:36

Душанбе,  22.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Бо  мадади Раёсати  савдои  пойтахт рӯзномаи «Вечёрка» ва Маркази  фарҳанги  «Аржанг» дар  Хона — интернати рақами  1 — и  шаҳри  Душанбе иди солинавӣ  ташкил  карданд. 
Раиси  пойтахт Маҳмадсаид  Убайдуллоев  дар ҷараёни яке  аз  машваратҳо  гуфта  буд, ки  сохторҳои  шаҳр  дар  арафаи Соли  нав  ба табақаҳои  камбизоати  аҳолӣ  дасти  ёрӣ дароз  мекунанд.
Дар  ҷараёни  иди  солинавӣ бо иштироки ҳунарпешагони Театри  опера  ва  балети  ба номи  С. Айнӣ ба  кӯдакон  барномаи мусиқии  театрӣ  намоиш дода,  сипас ба онҳо  тӯхфаю бозичаҳо тақдим  карда шуданд. 
«Кӯдакон ва  хусусан ятимоне, ки  дар интернатҳо зиндагӣ  мекунанд, ҳар  сол интизори  наздашон омадани падару  модар мешаванд. Бинобар  ин  мо тасмим  гирифтем, ки дар  ин рӯзҳои  фасли  зимистон онҳоро  шод  гардонем», —  гуфт  яке  аз  созмондиҳандагони  ин  чорабинӣ,  сармуҳаррири  рӯзномаи  «Вечёрка»  Гулнора  Амиршоева.
«Мехоҳам ба  ихтиёриёни  Созмони  ҷамъиятии «Даст ба даст»,  ҳамчунин кормандони  интернат, ки  нисбат ба  ятимон  ғамхору  мушфиқанд,  барои   меҳнати  душвору   диловаронаашон як ҷаҳон ташаккур  гӯям», — афзуд Гулнора  Амиршоева.

Декабрь 22, 2014 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд