Ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллӣ
Душанбе, 26.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинӣ оид ба пешгирии ҳодисаҳои худкушии ҷавонон баргузор гардид, ки дар он муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, полковники милитсия Пӯлод Саидов, сармутахассиси шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ Маҳмуд Ӯлмасов, устодон ва донишҷӯён иштирок карданд.
Пӯлод Саидов «Дар бораи тарбияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи донишҷӯён, пешгирии зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва тақлидкунандаи таассуби динӣ» маълумот дод.
Дар чорабинӣ декани факулта дотсент Манзура Нуриддинова зикр намуд, ки ҳар як ҷавон имрӯз бояд худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ дошта бошад, ватани худро дӯст дорад, шаъну шарафи худро нигоҳ дорад ва устодон бояд ҳар гуна зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва тақлидкунандаи динӣ ва даст ба ҷиноят задани ҷавононро маҳкум кунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






