Имтиёзҳо ба дипломатҳои тоҷик

Декабрь 3, 2014 14:49

 
             Душанбе, 3.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Минбаъд дипломатҳои тоҷик аз имтиёзҳои бештаре бархурдор мегарданд. Дар ин росто 3 декабр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти дипломатӣ»-ро дар таҳрири нав баррасӣ ва қабул карданд.
        Парвиз Давлатзода -муовини  вазири корҳори хориҷии кишвар дар назди вакилони Парлумон лоиҳаи қонуни мазкурро ташреҳ дода гуфт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти дипломатӣ»   2 декабри соли 2002 қабул шуда, соли 2006 ба он тағйиру иловаҳо ворид шудаанд. Мавсуф афзуд, ки зарурати дар таҳрири нав қабул намудани қонуни мазкур аз талаботи банди 76 -и Консепсияи пешгӯии рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 феврали соли 2011  тасдиқ шудааст, инчунин мувофиқи банди 7-и нақшаи чорабиниҳои барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таъминоти муносибатҳои байналмилалӣ  барои солҳои 2012-2015 бармеояд.
      Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд,  инчунин шахсоне, ки шаҳрвандии кишвари хориҷиро доранд, ҳуқуқ надоранд ба хизмати дипломатӣ қабул гарданд ва дар мансаби  хизмати дипломатӣ қарор дошта бошанд.
   Инчунин тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  фаъолияти дипломатӣ»  додани рутбаи дипломатӣ дар баробари кормандони хизмати дипломатӣ инчунин ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, пешбинӣ менамояд. Низомномаи тартиби додани рутбаи дипломатӣ бо Фармони Президенти кишвар дар таҳрири нав қабул хоҳад шуд, ки он масъалаи мазкурро  пурра ба танзим медарорад. Зикр шуд, ки муайян кардани номгӯи  рутбаҳои хизмати дипломатӣ тибқи Конститусияи кишвар ба ваколати Маҷлиси намояндагон мансуб аст. 
          Қабули  лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав  ба ҳайати хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо  ҳангоми кор дар хориҷа  кафолат ва ҷубронпулиҳои зеринро пешбинӣ намудааст:-пардохти хароҷоти сафари дипломатҳои тоҷик  аз давлати иқомат ба Тоҷикистон ва бозпас гаштан ҳангоми ба  рухсатии меҳнатии навбатӣ баромадани онҳо, пардохти хароҷоти хизматрасонии тиббӣ, хароҷоти ҷойгиронии фаврии  корманд ё аъзои оилаи вай ба муассисоти табобатии  статсионарӣ ҳангоми беморӣ, ҷуброн намудани хароҷоти таҳсили кӯдакони ноболиғ, пардохти маблағи таҳсили фарзандони ноболиғ, агар дар давлати иқомат муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар шакли ройгон мавҷуд набошад. Инчунин кумакпулии якдафъаина ва ҷубронпулиҳо  ба аъзои оилаи ҳайати хизмати дипломатӣ дар ҳолати   фавт. Кафолатҳои иловагӣ ба кормандони хизмати дипломатӣ,  ки дар давлатҳои хориҷӣ дар шароити фавқулода ё  низоъҳои  мусаллаҳона кор мекунанд. Инчунин дар моддаи 24-и  лоиҳаи қонун ба кормандони хизмати дипломатӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулода  ва низоъҳои мусаллаҳона кор мекунанд,  иловапулӣ ба маош дар ҳаҷми 20% аз музди меҳнати мансабӣ пардохт мешавад. 
    Парвиз Давлатзода афзуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур маблағгузории иловагиро пешбинӣ менамояд. Татбиқи он аз ҳисоби буҷети кишвар ва маблағҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ ва муассисаҳои хориҷии он амалӣ гардонида мешавад. Инчунин ҷиҳати амалӣ намудани моддаҳои 3, 17, 23, 24 ва 26-и лоиҳаи қонун зарур аст, ки санадҳои  нави меъёрию ҳуқуқӣ қабул шаванд.      
 
 
 

Декабрь 3, 2014 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст