Имзои созишнома дар бораи интиқоли неруи барқ

Декабрь 8, 2014 12:15

Истамбул,  08.12.2014. (АМИТ «Ховар», Катерина  Аксакова ).- Тавре  ки аз консулгарии  генералии Тоҷикистон  дар  шаҳри  Истамбул  ба АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,   аз  29  ноябр то 5  декабр  дар  шаҳри Истамбули  Туркия ҷаласаи  хотимавии Гурӯҳи  муштараки  корӣ  дар  бораи интиқолу савдои неруи  барқ байни Осиёи  Марказию  Ҷанубӣ  — CASA 1000 баргузор гардид.
Дар  кори  ҷаласа  ҳайатҳои  Тоҷикистон,  Қирғизистон,  Покистон ва  Афғонистон  ширкат  доштанд. Роҳбарии  ҳайати  Тоҷикистонро  муовини  аввали  сарвазири  Тоҷикистон Давлаталӣ  Саид  ба  ӯҳда дошт. 
Намояндагони чор  кишвар   аз рӯи  натиҷаи  ҷаласа  созишнома  дар  бораи  татбиқи  лоиҳаи CASA 1000 — ро   ба  имзо  расониданд. Тибқи лоиҳаи  мазкур бояд Тоҷикистону Қирғизистон дар  фасли тобистон Афғонистону  Покистонро бо  неруи  барқ  таъмин  намоянд. Системаи  нави  хатҳои интиқоли барқи  CASA 1000 имкон  медиҳад, ки дар  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ   захираҳои   аз  нигоҳи  экологӣ тозаи   нерӯи  барқ  ба таври  самарабахш  истифода шаванд.
Ҳайати  Тоҷикистонро  сафири  Тоҷикистон  дар  Туркия  Фаррух  Шарифов  ва консули  генералии  Тоҷикистон  дар  Истамбул  Илҳом  Абдураҳмонов  ҳамроҳӣ  мекарданд.

Декабрь 8, 2014 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!