«Интернети оянда»-муаррифии лоиҳаи барнома
Душанбе, 9.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Бори чорум аст, ки ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» дар ҳудуди вилояти Суғд мегафорумро миёни муассисаҳои олии вилоят доир менамояд.
Чорабинӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир гардида, донишҷӯёни 5 муассисаи олии вилоят- Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдо ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов дар мавзӯи «Интернети оянда» лоиҳаҳои барномаи худро муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти озмун дастаи барномасозони Донишкадаи политехникӣ соҳиби ҷоми ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» гардид. Ҳайати ҳакамон ба натиҷаи кори чор дастаи дигари муассисаҳои олии вилоят я хел баҳо дод. Яъне, зинаҳои баъдиро ҳар чор даста соҳиб шуд.
Ба ҳамаи иштирокдорони мусобиқа аз ҷониби ширкати мобилӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






