«Интиқоли тиллоӣ» ва ғолиби моҳи cеюм
Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар»). — Ҳайати комиссияи аксияи «Интиқоли тиллоӣ» номи боз як ғолиб — ғолиби моҳи сеюмро муайян намуд. Ғолиб аз тариқи тасодуфӣ муайян шуда, аз ҳама мизоҷи толеъбаланд соҳиби туҳфаи пулӣ аз ҷониби «Бонки Эсхата» ва «Золотая Корона» мегардад.
Инак ғолиби сеюми иқдоми «Интиқоли тиллоӣ»-ро муарифӣ менамоем:
Абдулҳаким Бектурдиев рақами SMS 0324137, сокини кӯчаи Ҷавонон ноҳияи Ҷиликул мебошад. Бахт ба рӯяш хандиду ин шахси толеъбаланд соҳиби туҳфаи пулӣ ба миқдори 10 000 сомонӣ гардид.
Аҳли кормандони «Бонки Эсхата» ва низоми «Золотая Корона» Абдулҳаким Бектурдиевро бо ғолибият сидқан муборакбод намуда, дар соли нави омада истода барояш музаффариятҳоро таманно доранд.
Хотиррасон карданием, ки то ба итмом расидани иқдом рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Дафъаи навбатӣ туҳфаи асосӣ ба ғолиби аз ҳама толеъбаланд супорида мешавад, ки он аз 100 000 сомонӣ иборат аст ва ин туҳфаи арзандае дар оғози соли нави 2015 хоҳад гашт.
Шитобед! Имконияти хубро аз даст надиҳед, зеро «Интиқоли тиллоӣ» метавонад орзуҳои шуморо амалӣ гардонад!








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






