Иштироки маъюбон дар ярмаркаи зимистони косибон
Душанбе, 08.12.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- 6 ва 7 декабр дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон ярмаркаи зимистонаи косибон баргузор гардид.
Дар ярмаркаи дурӯзаи косибон, ки онро Иттифоқи косибони Тоҷикистон зимни ҳамкорӣ бо созмони ҷамъиятии Сеsvi — и Италиё ва Маркази фарҳанги «Бохтар» созмон дода буд, беш аз 50 нафар косибон аз гӯшаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла косибони маъюб ширкат доштанд.
Тамошобинони ярмарка, ки дар байни онҳо бисёр сокинони Душанбе ва меҳмонони хориҷӣ ҳузур доштанд, бо маҳсулоти гуногуни косибӣ аз ҷумлаи ҷӯробу тоқиҳои помирӣ, сӯзанию чаканҳои хатлонӣ, рахти хоб, кордҳои машҳури ӯротеппагӣ ва маснуоти заргарии косибони гӯшаҳои мухталифи кишвар шинос шуданд.
Назар ба гуфтаи ташкилкунандагони ин чорабинӣ, Рӯзи байналмилалии шахсони имконияташон маҳдуд, ки ҳар сол 3 декабр таҷлил мешавад, дар Тоҷикистон бори нахуст якҷоя бо ярмаркаи ҳарсолаи зимистонаи косибон қайд гардид.
«Мақсади асосии ташкилкунандагони чорабинӣ ноил шудан ба тамоюлҳои мусбат барои дарки мушкилоти шахсони имкониятҳояшон маҳдуд, бештар воқиф намудани табақаҳои васеи аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон аз дастовардҳои мо ба туфайли ҷалби шахсони имкониятҳояшон маҳдуд дар бахшҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ буд», — гуфт яке аз созмондиҳандагони ярмарка, раиси Созмони ҷамъиятии «Лигаи занони маъюб», — Саида Иноятова.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






