Истаравшан: ифтитоҳи филиали «АксесБонк Тоҷикистон»
Душанбе 09.12.2014.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» филиали нави худро дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 9 декабр фаъол кард.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз «АксесБонк Тоҷикистон» иттилоъ доданд, дар баробари кушодани филиали нав «АксесБонк Тоҷикистон» ҳамзамон дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва омода сохтани мутахассисони баландихтисос ҳиссаи худро мегузорад. Мисол, дар филиали нав 24 нафар коршиноси касбии ҷавон кор мекунад. Ҳайати гурӯҳ зери роҳбарии Анушервон Қурбонбеков дорои бартариҳои назаррас мебошад: мутахассисон бо хусусиятҳои бозори маҳаллӣ ва фаъолияти соҳибкории хурд ва миёна хуб шинос ҳастанд ва нағз медонанд, ки ба кадом намуди хизматрасонӣ талабот зиёд аст. Умед аст, ки филиали нави «АксесБонк Тоҷикистон» ба таври фаъол ба фазои маблағгузорӣ дар минтақа мусоидат мекунад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






