Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо
Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).-Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар 83,11 гектар гармхонаҳои доимӣ кишти сабзавот гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,6 гектар зиёд мебошад. Аз ҳисоби кишти умумӣ 37,38 гектарро помидор, 24,15 гектарро бодиринг ва 21,58 гектарро дигар сабзавот ташкил медиҳад.
Ҳафтаи равон аз гармхонаҳои доимии ҷумҳурӣ ба миқдори 72,4 тонна помидор, 22,1 тонна бодиринг ва 33,1 тонна дигар сабзавот ҷамъоварӣ шудааст.
Кишоварзони вилоятҳои Хатлон имсол дар майдони 48,42 гектар, Суғд дар майдони 20 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 14,61 гектар дар гармхонаҳо сабзавот кишт намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






