«Истиқлол» — ғолиби мусобиқот ба хотири ёдбуди Александр Кирсанов
Душанбе, 29.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- 28 декабр мусобиқоти ҷумҳурияв оид ба футзал ба хотири ёдбуди собиқ бозингари маъруфи дастаҳои «Помир», «Вахш» ва «Ирригатор» Александр Кирсанов анҷом ёфт.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқот, ки тайи 2 ҳафта дар толори варзишии Агентии «Тоҷикгосстандарт» баргузор гардид, байни собиқадорони футбол дастаи Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ бо роҳбарии вазир Рамазон Ҳамро Раҳимзода ғолиб омад. Дастаи мазкур дар вохӯрии ниҳоӣ бо ҳисоби 5:2 дастаи Академияи «Истиқлол» — ро мағлуб сохт. Медалҳои биринҷӣ насиби собиқадорони футболи дастаи «Ирригатор» гардиданд. Дастаи мазкур бо ҳисоби 8:4 дастаи «Авиатор» — ро мағлуб сохт.
Дар вохӯрии ниҳоии мусобиқоти асосӣ дастаи «Истиқлол» дастаи «Газпром» — ро бо ҳисоби 5:0 мағлуб сохт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






