«Истиқлол» бо якчанд бозингар хайрбод кард
Душанбе, 29.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе, ки чанде пеш ба мавсими нави футбол омодагӣ гирифт, қарор дод, ки бо 3 нафар футболбозони ҳайати соли гузашта хайрбод кунад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Назар ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», мӯҳлати қарордодҳои бозингарони клуб ҳамлагар Комил Саидов ва футболбози Бразилия Глаубер Да Силва хатм шуда, роҳбарияти клуб тасмим гирифт, ки бо футболбозони зикршуда қарордодҳои навро имзо накунад.
Ғайр аз ин муҳофизатгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Наим Ӯлмасов «Истиқлол» — ро тарк менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Комил Саидов дар оғози мавсими соли 2014 ба «Истиқлол» омада, дар 15 вохӯрии мусобиқот ба дарвозаи дастаҳои ҳариф 7 туб задааст. Наим Ӯлмасов ва Глаубер Да Силва дар оғози соли 2013 ба дастаи «Истиқлол» пайваста буданд.Варзишгари бразилӣ дар ду мавсими мусобиқоти кишвар дар 21 вохӯрӣ иштирок намуда, ба дарвозаи ҳарифон фақат як туб задааст.
Дастаи «Истиқлол» дар сомонаи расмии худ ба бозингарони зикршуда изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо дар арсаи варзишиашон муваффақиятҳо орзу кардааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






