Изҳороти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 25, 2014 11:14

 Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Дар даҳшатафкании бесобиқае, ки рӯзи 16 декабри соли равон (2014) аз тарафи “Таҳрики Толибони Покистон” дар як мактаби шаҳри Пешовари Покистон анҷом дода шуд, зиёда аз 141 нафар кӯдаки маъсуму бегуноҳ ба қатл расид.  Дар баробари тамоми мардумони сулҳпарвари ҷаҳон миллати тоҷик низ дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин амали зиддиинсониро маҳкум кард. Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти ҷумҳурӣ ҳамраъйӣ эълон карда, ба тамоми зарардидагон ва шахсоне, ки дар ин мусибат бетараф нестанд, изҳори ҳамдардӣ ва тасаллияти  хешро иброз медорад.
Ин ҳодисаи нангин бори дигар собит сохт, ки бетарафӣ ва саҳлангорӣ дар кори мубориза бар зидди радикализм ва ифротгароии динӣ, инчунин  шаклҳои гуногуни зуҳури он, аз қабили зӯроварӣ, тундгароӣ ва даҳшатафканӣ хилофи арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ба тадриҷ ифротгароӣ минтақаҳои мухталифи ҷаҳони муосирро фаро гирифта, тарзу усули ғоявӣ ва амалии воқеъпазирии он чӣ аз ҷиҳати идеологӣ ва чӣ аз ҷиҳати низомӣ мудҳиштару хатарноктар мегардад. Инро метавонем дар амалҳои охири “Таҳрики Толибон” дар Покистон, “ДИИШ” (Давлати исломии Ироқу Шом) дар Сурия ва Ал Қоида дар Яман ва Боко Ҳаром дар Нигерия мушоҳида кунем. Акнун ҳадафи қатлу куштори онҳо на фақат сарбозон ва кормандони давлатӣ, балки пеш аз ҳама занону кӯдакон ва намояндагони дину мазҳабҳои ғайр қарор гирифтаанд. Ин усули бесобиқаи даҳшатафканӣ ҳаракатҳои ифротгароиро ба марҳилаи нав ва бисёр нигаронкунандаи идеологӣ ворид кардааст. Барои асоснок кардани рафтори зиддиинсонии «Таҳрики Толибон»-и Покистон сухангӯи он Муҳаммад Хуросонӣ куштори кӯдаконро як гуна қасос аз ҳукуматдорон ва ҳамаи онҳое, ки бар зидди Толибон мубориза мебаранд, унвон кард. Акнун қасосгирӣ ба ҳақиқат табдил дода шудааст, ки ба ифротгароӣ моҳияти қонунӣ мебахшад. 
Бо назардошти чунин вазъияти баамаломада, ки ифротгароён барои манфиатҳои ночизи худ занону кӯдакон ва намояндагони дину мазҳабҳои дигарро қурбон мекунанд, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф нест. Дар ин самт барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва шаклу усулҳои гуногуни зуҳури он ҳамаи муассисаҳои дахлдори Академияи илмҳо, аз ҷумла Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣва дигар пажӯҳишгоҳҳо вазифадор шудаанд. Олимони мо ба чунин хулоса расидаанд, ки сӯйистифода аз бовару эътиқодоти динӣ ва суннатии мардум дар муборизаҳои сиёсӣ хатарнок аст. Бинобар ин, дар ҷаҳони муосир ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки аз номи дину Худо сӯйистифода мекунанд, зарурат вуҷуд надорад. Таҷрибаи кишварҳои исломӣ нишон медиҳад, ки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ба манфиати доираҳои қабилавӣ маҳдуд мемонанд ва сабабгори афзоиши ихтилофҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ мегарданд. Аз ин ҷиҳат, дар муборизаҳои сиёсӣ истифода кардани эътиқоди динии мардум наметавонад суботу якпорчагии ҷомеа ва давлатро таъмин кунад.
Имрӯз дар Тоҷикистони азизамон низ доираҳои муайян чи аз дохил ва чи аз хориҷи мамлакат дар пайи ноором кардани вазъият буда, мехоҳанд аз эҳсос ва эътиқодоти динии мардум сӯиистифода намоянд. Ба ин хотир онҳо арзишҳо ва меъёрҳои муайяни ахлоқӣ ва ҳуқуқии давлатдории дунявиро дархури манфиатҳои пинҳону ошкори худ тафсир мекунанд. Озодии виҷдон ҳамчун рукни муҳими ҳуқуқӣ дар Конститутсия ва дигар қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст. Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ин рукни ҳуқуқӣ ба инсон кафолат медиҳад, ки интихобу бардошти хоси худро аз дину мазҳаб дошта бошад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки интихоб ва арзишҳои фитрии худро ба дигарон таҳмил кунад ва ин гуна мавқеи худро ба ҳизбу ҳаракат табдил диҳад, ки хилофи принсипҳои демократӣ ва дунявӣ мебошад. Дар ҷомеаҳои пешрафта ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ моделҳои рушд ҳастанд, яъне бо барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вориди мубориза мешаванд, на бо истифода аз номи Худо, дин ва дигар эътибороти мазҳабӣ ва суннатии мардум. 
     Дар робита ба гуфтаҳои боло Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми институтҳои зертобеи он аз мардуми шарифи кишвар, ки дар раъйпурсии  саросарӣ дар соли 1994 ҷонибдории худро аз низоми давлатдории демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона изҳор доштаанд, хоҳиш менамояд барои ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рӯй ба инкишофу пешравӣ овардани Ватани азизамон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва радикалии динӣ муборизаи беамони худро эълон дорад.
      Мо бояд Тоҷикистонро озод аз ҳар гуна равияҳои тундгароии динӣ эълон дошта, дар паноҳи рӯҳи бузурги гузаштагони миллат ва арзишҳои таҳаммулгарое, ки аз онҳо боқӣ мондаанд, барои ободиву шукуфоии ин сарзамин кору пайкор намоем.
Бигзор ҳамеша дар ин Ватан амнияту оромӣ ва сулҳу субот танинандоз бошад.
 

Декабрь 25, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд