Изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Декабрь 19, 2014 17:06

Душанбе, 19.12.2014. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Хабари ҳамлаи гурӯҳи ҷангиёни Толибонро ба мактаб ва коллеҷи ҳарбӣ дар шаҳри Пешовари Покистон, ки бар асари он 142 нафар, аз ҷумла, 132 кӯдак ба ҳалокат расида, 122 нафар кӯдак захм бардоштааст, шунида, бовари кас намеояд, ки фарзанди инсон ба чунин ваҳшоният қодир бошад. 
Аз ин ҷост, ки чунин ҷинояти гӯшношунид дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро низ бетараф нагузошт ва ҳамин тавр ҳам бояд бошад, зеро ин хавфу таҳдидест ба тамоми аҳли башар, ҳама халқҳову давлатҳо. Ҳамчунин ин ҷиноят, ваҳшонияти навбатӣ бори дигар ҷаҳолат, чеҳраи аслӣ ва мақсаду мароми ҳаракатҳои террористиро исбот намуд, ки ҳатто дар давраҳои асримиёнагӣ ҳам чунин як пастию бешарафиро дучор омадан шояд мумкин ҳам набуд.
Қобили дастгирист, ки ҳодисаи мазкур кулли сарварони давлатҳои ҷаҳонро сари як андеша овард ва онҳо бо нафрату ғазаби беандоза бар зидди  терроризми байналмилалӣ изҳори назар намуданд. Аз ҷумла, дар номаи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвонии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон мавқеи мушаххас нисбат ба кирдори разилонаи терроризми байналмилалӣ  ва даъват ба муборизаи дастаҷамъӣ зидди он хеле равшан ифода ёфтааст.
Аз рехтани хуни хонандагону донишҷӯён ва устодони бегуноҳ бо хушҳолие, сухангӯи ҳаракати терористӣ шарм накарда, изҳор доштааст, ки ҳамлаи мазкур посух ба як амалиёти ҳарбии ҳарбиёни Покистон дар Вазиристони шимолии Покистон алайҳи Толибон мебошад. Аҷаб “қаҳрамонию ҷавонмардие”! Чаро ин иблисзодагон маҳз кӯдакони беҳимояву бепаноҳро ҳадафи ҳамла қарор доданд? Гуноҳи ин кӯдакони маъсум дар кашмакашию мухолифатҳои сиёсӣ чист? Оё ин ҷаллодон худ аз модар ба дунё наомада бошанд ва ё фарзанд надошта бошанд? Ҳарчӣ ҳам бошад, ин ҳодисаи нангин ва даҳшатнок бояд тамоми аҳли тараққихоҳи ҷаҳонро, новобаста аз дину мазҳаб, андеша, сохти давлатдорӣ алайҳи ин қувваҳои аҳриманӣ муттаҳид созад, то якҷо ин решаи зулму фасодро решакан намоем. 
Боварии комил аст, ки ин сабақи талх боиси на ҷудоӣ ва ихтилоф миёни халқиятҳои гуногунмиллату гуногунмазҳаби ҷаҳон, балки муттаҳидии ҳар инсони соҳибдилу имон мегардад ва қувваҳои сиёҳкори байналмилалӣ дар ҳеҷ куҷо дастгирӣ нахоҳанд ёфт. Рӯҳи қурбониёни бегуноҳ ва садҳо ҳазор нафар қурбониёни дигар онҳоро дунболагир хоҳад буд.
Бигузор чунин рафтори разилона барои он ҷавонони тоҷик, ки ба кӯи гумроҳӣ рафта, ба ҳаракату гурӯҳҳои ситезаҷӯ, бахусус, дар сафҳои давлати ба ном исломии Ироқу Сурия меҷанганд, сабақ гардад. Онҳо бояд дарк созанд, ки ҷони ҷавони худро баҳри манфиатҳои кадом як гурӯҳу ашхоси бадният ва кинаҷӯ беҳуда қурбон месозанд.  
Онҳо дар назди виҷдони худ бояд иқрор шаванд, ки ният ва амалашон ҷавонмардӣ набуда, имрӯзу оянда ва дар давоми таърих ҳамеша аз ҷониби аҳли башар маҳкум мегардад.
Вале баргаштан аз роҳи бад ҳеҷ вақт дер нест ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осоишта, ки дар асл боиси як бори дигар туҳфа намудани олами хушбахтӣ ба волидайн ва фарзандонашон мегардад, бузургтарин кор дар ҳаёти он ҷавонони роҳгумкарда мебошад. 
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамчун ташкилоти муттаҳидкунандаи ҷавонони кишвар дар ҳама маврид амалҳои мудҳиши террористиро маҳкум намуда, неруи созандаи ҷавононро баҳри тинҷию суботи Ватан ва тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва муқаддасоти миллӣ равона месозад.  
 
 
 

Декабрь 19, 2014 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд