Кӯлоб: Буҷаи шаҳр хусусияти иҷтимоӣ дорад
Кӯлоб, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи навбатии вакилони халқ баргузор гардид. Дар ҷаласа шаш масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи масъалаи якум раиси шаҳри Кӯлоб Раҳмонзода Абдулғаффор оид ба рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳру деҳоти Кӯлоб дар назди вакилон ҳисобот дод. Сипас вакилон ҳисоботи сардори раёсати молияи шаҳр Бахтиёр Назаровро оид ба харҷи маблағҳои буҷавӣ дар соли 2014 шунида, буҷаи шаҳри Кӯлобро барои соли 2015 тасдиқ намуданд. Даромади буҷаи соли 2015 аз рӯи андозҳо 44 млн. 150 ҳазору 250 сомониро ташкил карда, хароҷоти он ба 82 млн. 364 ҳазору 609 сомонӣ баробар аст. Бояд гуфт, ки буҷаи имсолаи шаҳр низ мисли солҳои қаблӣ аслан хусусияти иҷтимоӣ дошта, бештари маблағҳо барои соҳаи иҷтимоиёт пешбинӣ шудааст. Дар соли оянда соҳаи маориф ба қадри 42,7%, тандурустӣ 24,5 ва фарҳанг 1,7 % маблағгузорӣ хоҳад шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






