Кӯлоб: ифтитоҳи маркази тавонбахшӣ
Кӯлоб, 10.12.2014 (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар шаҳри Кӯлоб боз як маркази тавонбахшӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд. Бояд гуфт, ки ин дуюмин чунин марказ дар шаҳри Кӯлоб мебошад ва шурӯъ аз соли нави мелодӣ маблағгузории ин марказҳоро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба уҳда мегирад.
Бино ба омори расмӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 4 ҳазору 529 нафар маъюби то 18- сола ба қайд гирифта шудааст. То имрӯз дар шаҳри Кӯлоб маркази будубоши «Парасту» ва «Меҳрон» ба табобату нигоҳубини кӯдакони дорои имконияти маҳдуд машғул буд ва таҷрибаи ин марказҳо дар дигар ноҳияҳои кишвар амалӣ мешавад. Қаламнисо Абдуқаюмова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ва намояндагони ташкилоти байналхалқӣ бо шароит ва тарзи нигоҳубини кӯдакон дар маркази тавонбахшӣ шинос шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






