Кӯлоб: Вазъи ҷамъоварии андоз муътадил аст
Кӯлоб, 17.12.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ба иттилои сардори нозироти андози шаҳри Кӯлоб Фаррух Давлатшоев дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 12 навъи сарчашмаи андоз пурра ба анҷом расида, ба ҷои 32 млн 147 ҳазору 556 сомонии нақша 36 млн 586 ҳазору 990 сомонӣ иҷро гардид, ки ин 113,8 %-и нақшаро дар бар мегирад. Ба гуфтаи манбаъ, ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳо ва сари вақт пардохт кардани андозҳо аз тарафи прокуратураи ноҳия ба андозсупорандагон амрномаҳои хаттӣ дода шуда, ба ин восита ба буҷет 550 ҳазор сомонӣ маблағи андоз ворид гардид. Мавриди зикр аст, ки дар ин давом 238 нафар шахси мансабдор ва воқеӣ, ки ба қонуншиканӣ роҳ додааст, 224 ҳазору 091 сомонӣ ҷарима шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






