«Кафши булӯрин» барои фарзандони кормандони милитсия
Душанбе, 30.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Бахшида ба ҷашни Соли нави мелодӣ дирӯз дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии идона барои фарзандони кормандони милитсия ва фарзандони кормандоне, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, баргузор гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки кӯдакону наврасон дар гирди арча шеърҳои зиёдеро дар васфи арча, Соли нав, бобои барфӣ ва барфак қироат карданд ва ин бори дигар аз дониши хубу таълими ҳамаҷониба доштани онҳо дарак дод. Саҳначаи ҷолибе, ки дар ин рӯз манзури онҳо гардид, «Кафши булӯрин» ном дошт. Қаҳрамонҳои ин намоиш ончунон нақш офариданд, ки бо лафзи ширин ва ҳунарнамоии худ дили ҳар як бинандаи хурдсолро тасхир намуданд.
Аҳли толор барои чунин як туҳфаи солинавӣ ба қаҳрамонҳои намоиши мазкур изҳори сипос карданд.
Дар хотимаи намоиши театрикунонидашуда аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба фарзандони кормандони милитсия ва фарзандони он кормандоне, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, туҳфаҳои идона тақдим гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






