Кишти зироати кишоварзӣ 101 фоиз иҷро шуд
Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бинобар маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 185142 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад.
Ҳафтаи равон дар ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 187051,3 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки баробари 101 фоизи дурнамо мебошад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14961 гектар зиёд аст.
Дурнамои кишти зироатҳои ғалладонагӣ майдони 172515 гектарро ташкил медиҳад ва ҳафтаи ҷорӣ дар майдони зиёда аз 178,5 ҳазор гектар кишт гузаронида шуд, ки баробари 103,5 фоизи дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9 ҳазор гектар зиёд аст.
Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 10527 гектар кишти пиёзи тирамоҳӣ гузаронида мешавад.
Дар майдони 7377,3 гектар пиёзи тирамоҳӣ кишт шудааст, ки баробари 70,1 фоизи дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,6 ҳазор гектар зиёд аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






