Китобхонаи миллӣ ниёз ба кумакҳои илмӣ дорад

Декабрь 29, 2014 09:18

Душанбе, 29.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-26 декабр  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси директори китобхона Сайфиддин Назарзода бо иштироки мутахассисон ва олимони соҳаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ  нишасти илмӣ доир  гардид, ки дар он  олимони соҳа профессор Сафар Сулаймонӣ,  номзадҳои илмҳои педагогӣ  Шарифҷон Тошев, Сафар Шосаидов, Қурбоналӣ Бӯриев, Қурбоналӣ Афғонов, Сайфиддин Камолзода барои рушди минбаъдаи Китобхонаи миллӣ ва соҳаи китобдорию иттилоотшиносӣ ибрози назар намуданд.
           Дар гузориши профессор Сафар Сулаймонӣ     ва номзади илмҳои педагогӣ  Сафаралӣ Шосаидов ба таври мушаххас роҳкорҳои навини соҳа  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, ишора гардид, ки зарурати таъсиси Донишкадаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ бо коллеҷи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ  ба миён омадааст;  тарбияти неруи инсонӣ- китобдорон ва иттилоотшиносони мутахассис дар сатҳи кордонӣ, коршиносӣ, коршиносии аршад (магистр) ва докторӣ бояд роҳандозӣ гардад.
            Минбаъд кулли пажӯҳишҳои китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ  бояд зери назари Китобхонаи миллӣ анҷом гирад: таҳқиқоти иҷтимоӣ оид ба масоили «Китоб дар фарҳанг ва зиндагии мардум», «Китоб ва мутолиот дар ҳаёти қишрҳои гуногун ва манотиқи гуногун» роҳандозӣ гардад.
             Зикр гардид, ки анҷумани китобдорони тоҷик таъсис шавад ва дар оянда анҷумани китобдорон ва иттилоотшиносони кишвар доир  шавад.  Ишора шуд, ки то ба ҳол меъёрҳои соҳаи китобдорӣ таҳия нагардидаанд ва онҳо ҳоло ҳам тибқи меъёрҳои замони шӯравӣ кор мекунанд. Бояд низомҳои навини китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ барои китобхонаи миллӣ ва китобхонаҳои кулли кишвар таҳия гарданд.            Дар нишасти илмӣ директори китобхона Сайфиддин Назарзода роҳкорҳои дигари китобхонаро баршумурда, ибрози ақида кард, ки минбаъд ҳамкориҳо бо олимони соҳа роҳандозӣ мегарданд ва аз имкониятҳои неруи илмии олимони соҳа бамаврид истифода ва баҳрабардорӣ ба амал меояд.
 

Декабрь 29, 2014 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!