«Китоби сол-2014»-озмуни ҷумҳуриявӣ
Душанбе, 11.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2014» доир мегардад.
Озмуни мазкур рӯзи 19-уми декабри соли равон доир мегардад.
Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, мазмуну мӯҳтавои онҳо мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишварро дар бар гирифтааст.
Ҳамчунин мавзӯи асарҳо бояд ба завқи алоқамандони каломи бадеъ созгор афтад, дар дили хонанда оташи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, обу хоки кишварро барафрӯзанд, бо ороишоти хуб муқовабандӣ шуда бошанд.
Гуфта мешавад, ки дар озмун ҳамаи муаллифон ва муҳаққиқони назму насри муосири тоҷик ҳуқуқи иштирок кардан доранд.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг барои ду китоби назм: Дипломи дараҷаи аввал ва маблағи 1500 сомонӣ, Дипломи дараҷаи дуввум ва маблағи 1000 сомонӣ, барои ду китоби наср: Дипломи дараҷаи аввал ва маблағи 1500 сомонӣ, дипломи дараҷаи дуввум ва маблағи 1250 сомонӣ, барои ду китоби назму насри бачагона: Дипломи дараҷаи аввал ва маблағи 750 сомонӣ, Дипломи дараҷаи дуввум ва маблағи 500 сомонӣ муқаррар гардидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






