КМИР дастурамалро аз чоп баровард

Декабрь 24, 2014 10:32

 
         Душанбе, 24.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ дар иртибот ба баргузории интихоботи парлумонӣ дар кишвар, ки 1 марти соли 2015 таъйин шудааст, дастурамал оид ба иштироки намояндагони васоити ахбори омма /ВАО/ дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе,  шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳоро аз чоп баровард.
           Дастурамали мазкур бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо теъдоди 25 000 дар нашриёти «Шарқи озод» зери таҳрири умумии Шермуҳаммад Шоҳиён -раиси КМИР  мунташир гардидааст. Он тартиби  иштироки намояндагони ВАО-ро  дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе,  шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо муқаррар менамояд.                
 
 
 

Декабрь 24, 2014 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад