Коалитсияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ
Душанбе, 18.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти ҶТ 17 декабр конфронс оид ба натиҷагирии иҷрои Барномаи “Созмон додани коалитсияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ” баргузор гардид, ки дар кори он кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, намояндагони ҳукуматҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ, шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон (INL), Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Академияи миллии олимпии ҶТ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки бо пешгирии нашъамандӣ машғул мебошанд, иштирок намуданд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар доданд, дар конфронс таҳияи лоиҳа арзёбӣ гардид, пешниҳоду дархостҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи пешгирии ҷалби ҷавонон ба нашъамандӣ муҳокима шуданд. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо, муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии онҳо таҳқиқ гардиданд. Инчунин масоили гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






