Кочоқчии афғон боздошт шуд

Декабрь 16, 2014 11:00

Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Шаби 14 ба 15 декабри соли ҷорӣ кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар асоси хабари фаврӣ дар минтақаи сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд.Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ иттилоъ доданд, як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардиданд. Ҳангоми аз тарафи кормандони Раёсати агентӣ дастгир шудан, онҳо муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд, ки дар натиҷа як нафар қочоқчии афғон дастгир гардид. Қочоқчиёни боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд. Дар ҷои ҳодиса ду халта бо маводи нашъаовар ошкор гардид.Мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи боздоштшуда ҳашиш буда, вазни он зиёда аз 23 килограммро ташкил менамояд.Ба иттилои хадамоти матбуоти агентӣ, нисбат ба ин ҳодиса аз рӯи моддаҳои 200 қ. 4, 289 қ.2 ва 335 қ. 2 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.Боздоштшуда дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати агентӣ қарор дорад.

Декабрь 16, 2014 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад