Комиссияҳои ҳавзавии интихобот созмон дода мешаванд
Душанбе, 24.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Масъалаи ташкил намудани комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ дар ҷаласае, ки 24 декабр таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён -раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Зикр шуд, ки тибқи талаботи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии хизбҳои сиёсӣ дар ҳудуди ҳавзаи интихобот сурат мегирад.
Мувофиқи маълумоти КМИР, ҳамаи ҳизбҳои сиёсие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон расман фаъолият мекунанд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пешниҳодҳои худро дар бораи ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод намудаанд.
Дар навбати худ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба КМИР оид ба ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ пешниҳодҳо ирсол кардаанд.
Ҳамин тариқ, дар доираи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори КМИР комиссияҳои ҳавзавӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олӣ ташкил шуданд ва доир ба қароргоҳҳои ин комиссияҳо дар матбуот маълумот интишор мешавад. Бояд тазаккур дод, ки 1 марти соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






