Коммунистҳо ҳам номзадҳояшонро пешбарӣ карданд

Декабрь 29, 2014 11:14

    Душанбе, 29.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар анҷумани 31-уми пешазинтихоботи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ки бо ҳузури 85 нафар вакил дар Душанбе баргузор гардид, 15 нафар ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ гардиданд.  
           Шодӣ Шабдолов — раиси ҳизб, Исмоил Талбаков,  Мирзонаҷот Наботов, Нозимҷон Маҳмудов, Заррагул Мирасалова, Гулчеҳра Ёрматова, Фаридун Давлатов, София Султонова, Алишер Шарифов, Сафаргул Давлатёрова, Маҳмадалӣ Одинаев, Абдулло Хабиров, Ихтиёр Ашӯров, Нурулло Шулашов ва  Меҳроҷ Абдуллоев номзадҳо аз ҳизби коммунисти кишвар  ба интихоботи парлумонӣ мебошанд.
     Дар анҷуман ҳамзамон масоили марбут ба фаъолияти ҳизб ва дурнамои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
        Бояд  тазаккур  дод, ки Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз куҳантарин аҳзоби сиёсии кишвар маҳсуб ёфта,  дар сафи худ 45 ҳазор аъзо ва дар палатаи поёнии  Парлумони кишвар -Маҷлиси намояндагон низ намоянда дорад.
 
 

Декабрь 29, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд