Конфронс бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон
Душанбе,4.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин конфронси миллии “Солимгардонӣ дар сатҳи ҷамоатҳо” доир гардид. Дар конфронс роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари ТУТ дар Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони USAID, хазинаи нуфузи кӯдакони СММ, роҳбарони як силсила муассисаҳои шифоию иҷтимоии кишвар иштирок намуда, аз фарогирии шахсони маъюб бо хизматрасониҳои гуногун дар сатҳи ҷамоату шаҳракҳо ибрози андеша намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ доданд, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева иброз дошт, ки “Доир намудани конфронси миллӣ оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоатҳо, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон (3 декабр) гузаронида мешавад, таваҷҷуҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба шахсони имконияташон маҳдуд, ки як аз қисми осебпазири аҳолӣ мебошанд, тасдиқ мекунад. Ба туфайли ин конфронси миллии якум мо нишон медиҳем, ки ҳуқуқҳои ҳамаи шахсонро барои рушд ёфтани шахсияташон эътироф менамоем ва заруртар аз ҳама, мо қобилияти ҳамаи шахсонро барои пешравии мамлакати худ, ки бо иштироки фаъолонаашон имрӯз собит сохтанд, бори дигар тасдиқ мекунем”.
Шахсони имконияташон маҳдуд низ чунин талаботе доранд, ки барои дигар табақаи аҳолӣ хос аст. Вале онҳо бештар ба хотири имконияти маҳдуди ҷисмонидоштанашон ба мушкилот муваҷеҳ мегарданд. Ҳарчанд маҳдудияти ҷисмонӣ набояд барои амалӣ шудани орзуҳои шахс ё иштироки фаъолонаи ӯ дар ҳаёти ҷомеа монеае пеш орад. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам ин мушкилот дар ҳамаи сатҳҳои ҷомеа ҳалли худро наёфтааст ва баъзан ҳолатҳое чун дастрасӣ ба таҳсил, истироҳат, истиқомат, ҳифзи сиҳатӣ, роҳҳои пиёдагарду нақлиёти мусофиркаш барои чунин шахсон мушкилот пеш меоранд. Ва албатта, ҳамаи ин мушкилоти пешомадаро метавон марҳила ба марҳила ҳал кард.
Баробар ба дигар аъзои ҷомеа шароит фароҳам овардан барои шахсон имконияти маҳдуддошта ва аъзои оилаи онҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти тавонбахшӣ дар сатҳи ҷамоатҳо маҳсуб меёбад. Боиси хушист, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то имрӯз як силсила корҳоро дар ин самт роҳандозӣ кардааст. Таъмин бо аробачаҳои маъюбӣ, ки барои гаштугузори онҳо мусоидат, дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ, барқарорсозии саломатии онҳо, мусоидат барои дастрасӣ ба таҳсил аз ҷумлаи ин кумакҳост.
Умуман Вазорат барои беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии шахсони имконияташон маҳдуд ҳамаи чораҳоро дида истодааст. Имрӯз марказҳои махсусе фаъолият доранд, ки барои барқарорсозии сиҳатии чунин шахсон, нигоҳубини онҳо мусоидат мекунанд. Ҳамчунин барномаҳои махсусе мавриди амал қарор доранд, ки барои боз ҳам фаъолтар гаштани онҳо, баргаштан ба зиндагии солиму шоиста мусоидат мекунанд.
“Дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ва мусоидат барои дастрасии онҳо ба тандурустӣ ва барқарорсозии сиҳатии эшон дар муассисаҳои махсус кори ҳаётан муҳим аст. Мо бояд баҳри он бикӯшем, ки зиндагии сазоворро барои ҳама муҳайё созем”, — зикр намуд роҳбари Дафтари ТУТ дар Тоҷикистон Павел Урсу.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






