Конфронси илмӣ бахшида ба Меҳргон
Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).- 1 декабри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии № 93-и шаҳри Душанбе конфронси илмӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон баргузор гардид. Сармутахассиси Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Мирзоева ва мутахассисони Агентии маводи нашъаовари назди Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис Алиёрова ва Нурмуҳаммад Сафолов дар мавриди ҷпшн сухан гуфтанд. Тибқи тартиби барнома ду маърўза аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ М. Қосимова ва муаллимаи фанни химия ва биология З. Раҷабова доир ба таърих ва муҳимияти иди Меҳргон ҷиҳати қадр намудани арзишҳои эътирофгардидаи ниёгон, амсоли эҳтиром доштан ба табиат ва паҳлўҳои дигари ин ид шунида шуд. Дар интиҳо ғолибон муайян гашта, соҳиби туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






