Конибодом: ҷамъбасти рӯзҳои раёсати маориф
Душанбе, 2.12.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва мудирони кӯдакистонҳо Рӯзҳои раёсати маорифи вилоят дар муассисаҳои таълимии шаҳр ҷамъбаст гардид.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, зимни ҷамъбаст кормандони масъули раёсати маорифи вилоят доир ба натиҷаи сатҳи дониши хонандагон ва ҳолати таълиму тарбия дар 15 мактаби шаҳр ва 5 кӯдакистони омӯхташуда, ҷараёни татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, беҳтар намудани сифати корҳои тарбиявӣ дар баӣни хонандагону тарбиятгирандагон, ташкили курсҳои омодагии хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёна барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ тибқи низоми нав, омодагӣ ба давраи зимистон, риояи либоси ягонаи мактабӣ сухан гуфтанд.
Муовини раиси шаҳр Бурҳониддин Ҷабборӣ ва муовини сардори раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи хонандагон супоришҳои қатъӣ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






