Конибодом: нигаронӣ аз афзоиши садамаҳои нақлиётӣ
Конибодом, 17.12.2014. ( АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди ноҳияи Конибодом бо иштироки ронандагону пиёдагардон аз аввали соли равон инҷониб афзудааст.
Тавре ки ба АМИТ ”Ховар” аз маркази матбуоти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар давоми 11 моҳи соли равон дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди ноҳияи мазкур 22 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа наздики 10 нафар ҳалок гардида, 12 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Дар маҷмӯъ, аз оғози соли равон дар роҳҳои нақлиётгарди шимоли кишвар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 326 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 112 нафар ба ҳалокат расида, 344 нафари дигар ҷароҳати гуногун бардоштааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






