Корҳои тавзеҳотӣ байни муҳоҷирон
Душанбе, 03.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бинобар мавқеи қонунӣ пайдо кардани талаботи нави қонуни муҳоҷират намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират байни муҳоҷирони меҳнатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия корҳои тавзеҳотиро анҷом медиҳад.
Тавре ки котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов хабар дод, кормандони намояндагӣ 1 ва 2 декабр бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Ширкати сохтмонии холдингии Авруосиё ва корхонаи дастгоҳҳои фулузотии Хабаровск кор мекунанд, маҷлиси вохӯрӣ тартиб дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба муҳоҷирон иттилоъ дода шуд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки барои иҷрои кор ба Русия омадаанд, аз 1 январи соли 2015 метавонанд дар ҳузури шахсони ҳуқуқӣ мувофиқи иҷозатн6ома кор кунанд. Ин навигарӣ ба шаҳрвандоне дахл дорад, ки барои будубош дар Русия ба раводид зарурат надоранд. Қоидаҳои зикршуда, аз ҷумла, ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дахл мекунанд.
«Ҳангоми убури сарҳад агар шаҳрванд мақсади омаданашро бо калимаи «кор» баён карда бошад, онгоҳ вай аз давраи омаданаш бояд тайи 30 рӯз дар бораи додани иҷозатнома ариза пешниҳод кунад. Аризаҳоро хадамоти муҳоҷират ва мақомоти ҳокимияти ниҳодҳои федератсия ба расмият медароранд», — зикр намуд Иброҳим Аҳмадов.
Барои гирифтани чунин ҳуҷҷат муҳоҷирон бояд надоштани доғи судӣ ва мавҷудияти маҳалли иқоматро тасдиқ намуда, сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таъриху асосҳои қонунгузории Русия ва суғуртаномаи тиббиро пешниҳод намоянд.
«Ҳамчунин ба ҳамаи ҳозирин иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди шаҳри Хабаровск 4 маркази тестӣ фаъолият дошта, курсҳои омӯзиши забони русӣ кушода шудаанд», — афзуд Иброҳим Аҳмадов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






