Корномаи Сафар Сулаймонӣ
Душанбе, 22.12.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Корноманигорӣ дар фаъолияти илмию пажӯҳишии олимон мавқеъ ва ҷойгоҳи вижаеро доро мебошад. Дар чунин навъи гузориши таҳлилию илмии муассиса фаъолияти солонаи олим, мутахассис ва ё коршинос натиҷагирӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва чунин иқдом имкон медиҳад, ки кулли фаъолияти илмӣ дастраси ҳамагон гардад ва чунин ибтикор барои мушаххас намудани дурнамои фаъолияти илмӣ низ муфид мебошад, ки дар он роҳ корҳо равшан мегарданд.
Солҳои охир Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба чунин иқдом натиҷагирии солонаи фаъолиятҳои илмии олимонро таҳия намуда, барои масъулини соҳа зери унвони «Корнома», «Гузориш», «Ҳисобот» манзури муҳаққиқон ва дастандаркорони соҳа мегардонад. Дар ин росто «Корномаи илмии профессор Сафар Сулаймонӣ дар соли 2014” аз намунаи чунин иқдом мебошад. Дар корнома фаъолияти илмии профессор Сафар Сулаймонӣ дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дастур барои намуна дар таҳияи библиографиҳо, рӯйхати китобҳо барои кормандони китобхонаҳо ва муҳаққиқон муфид мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки танҳо дар соли 2014 аз ҷониби профессор Сафар Сулаймонӣ 9 китоб ва беш аз 30 мақолаи илмӣ чоп шудааст, ки муҳимтарини онҳо “Донишномаи фарҳангшиносии навин”, “Донишномаи навини ислом”, “Фарҳангшиносӣ”, “Қуръон ва маҳоратҳои зиндагӣ” ва ғайраҳо мебошад. Зери роҳбарии ишон 5 нафар унвонҷӯ аз рисолаи худ дифоъ кардааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






