«Коршиноси иқтисодӣ»-маҳфили илмӣ
Душанбе, 9.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ», ки дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид, масъалаҳои ниҳодии пайдоиши рентаи сиёсӣ, сабаб ва оқибатҳо, роҳҳои пешгирии он тавассути механизми иқтисодӣ дар партави татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коррупсия» ва Стратегияи давлатии мубориза ва муқовимат бо коррупсияро мавриди баҳсу мунозираи илмӣ қарор дод.
Ректори донишкада Ашурбой Солиев зикр кард, ки дар шароити ҳозира Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан нави созандагию ободкориҳоро мегузаронад. Дар ин самт саҳми илм ва пайгирӣ аз навигариҳои илмию пажуҳишӣ барои ҳалли муаммоҳои ҷойдошта, муваффақ шудан дар татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ омилҳои таъсирбахш шуда метавонанд. Мубрам будани ин масъаларо ба эътибор гирифта, донишкадаи мо низ дар ҳалли масъалаҳои фундаменталӣ, аз қабили иқтисоди сиёсии нав бояд барои низоми сифатан нави рушди макроиқтисодии кишвар саҳмгузорӣ намояд, илова намуд мавсуф.
Дар маҳфил маърӯзаи муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, профессор Аброр Мирсаидов дар мавзӯи «Рентаи сиёсӣ: табиат ва шаклҳои зуҳуроти он (иқтисоди сиёсии нав)» шунида шуд. Дар ҷараёни мубоҳиса байни иштирокчиёни маҳфил музокирот ба амал омад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






