Кумаки Кумитаи ҷавонон ба ВМКБ
Душанбе, 04.12.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани фаъолияти корӣ ва рушди варзиши оммавӣ дар минтақаҳои ВМКБ лавозимоти варзишӣ кумак расонида шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 4 адад компютер ба ноҳияҳои Рўшон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ, 14 номгўй лавозимоти варзишӣ ба ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Ишкошим ва Мурғоб ва як адад гилеми гӯштингирӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ба шаҳри Хоруғ кумак шудааст.
Ёдрас мешавем, ки соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят 4 семинари омўзишӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва 4 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ аз намуди волейбол миёни мардона ва занона, гўштини тарзи самбо ва фестивали варзишии футбол байни наврасон баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории он ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, дўстиву рафоқат ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва аъмоли зишти ҷомеа, аз қабили нашъамандиву нашъаҷалобӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






