Кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон

Декабрь 2, 2014 09:07

Душанбе, 2.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар чорчӯбаи  лоиҳаи «Таъминот барои дастгирии ислоҳоти низоми нафақа», Иттиҳоди Аврупо дирӯз ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таҷҳизоти компютерӣ туҳфа намуд.
Маблағи умумии таҷҳизоти мазкур, ки аз тарафи ширкати «КАНКОН онлайн ГмбХ» дастрас гардид, ба маблағи шаш миллион сомонӣ баробар аст.
Гуфта мешавад, ки имсол аз ҳамкориҳои дуҷониба байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мешавад. Дар давоми ин солҳо  Иттиҳоди Аврупо як силсила барномаҳои давлатиро барои рушди инсонӣ ва инкишофи иқтисодиёт амалӣ намуд.  Дастгирии сиёсӣ ва иқтисодии Аврупо дар Тоҷикистон бо мақсади барои ба даст овардани  дастовардҳои Стратегияи миллии рушд ва гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ба кишвари мо бевосита мусоидат намуда истодааст.
        Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар доираи Созишномаи ҳамкории тарафайн, ки моҳи октябри соли 2004 баста шуд ва аз 1 январи соли 2010 ба ҳукми қонун даромад, бо самтҳои гуногунпаҳлӯ, аз ҷумла дар самти таъминоти нафақа ҳамкорӣ дорад.
 
 

Декабрь 2, 2014 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд