Кумаки Тоҷикматлубот ба кӯдакони деҳоти дурафтода
Хоруғ, 24.12.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Бахши вилоятии Тоҷикматлубот ба яке аз мактаб-интернатҳои дурдасти кишвар мактаб- интернати деҳаи Башкомбези ноҳияи Мурғоб кумак дар намуди маводи озуқа ва батареяҳои офтобӣ ба маблағи умумии ҳашт ҳазор сомонӣ расонд. Дар мактаб- интернати мазкур 26 нафар хонанда, ки дар деҳоти дурафтода аз ҳамдигар зиндагӣ мекунанд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Дар остонаи ҷашни соли нави милодӣ аз ҷониби раёсати Тоҷикматлубот ба интернати мазкур ду адад батареяи офтобӣ ва маҳсулоти хӯрокӣ аз намуди орду равған, шакару биринҷ ва амсоли ин дастрас шуд.
Директори мактаб интернати мазкур ва раиси ҷамоати Аличори ноҳияи Мурғоб барои чунин дастгирии ҳукумати мамлакат изҳори сипос карда, зикр намуданд, ки хонандагон ва умуман сокинони ҳам қирғизтабор ва ҳам тоҷиктабори ноҳияи Мурғоб аз кумакҳои пайвастаи ҳукумати мамлакат бархурдор мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






