Курсҳои бозомӯзӣ барои танзимгарони ҷашну маросим
Кӯлоб,1.12.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Аз соли 2014-ум ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд ва бо мақсади ошно намудани кормандони бахшҳои дин ва танзими анъана, ҷашну маросимҳои назди мақомоти маҳаллӣ ва ҷамоатҳои деҳот бо ҷузъиёти ин тағйиру иловаҳо аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо курсҳои бозомӯзӣ ба роҳ монда шуданд.
Ин навбат кормандони кумита семинари бозомӯзиро бо мутахассисону кормандони шуъбаҳои дин ва танзими анъанаю ҷашну маросимҳои ноҳияхои Фархору Восеъ ва Ҳамадонӣ баргузор намуданд. Инчунин ба ҳамаи иштирокчиён нусхаи нави Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дастурамалҳо дастрас шуданд. Ба гуфти масъулон чунин бозомӯзиҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд гузаронида шуда, рӯзҳои наздик дар вилояти Бадахшон низ доир мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






