Куштор дар ҳолати мастӣ
Душанбе, 24. 12. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Волков Евгений Анатолевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки номбурда рӯзи 22 декабр дар ҳолати мастӣ бо шаҳрванд Агаджанов Григорий Олегович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Душанбе муноқиша намуда, якчанд маротиба бо шиша ба сараш задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Г.Агаджанов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






