М. Қосимова-тимсоли зиндаи театри тоҷик

Декабрь 19, 2014 15:35

Душанбе, 19.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрӯз ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, «Модари театри тоҷик» Мушаррафа Қосимова 96-сола шуд. Ин ҳунарманди маҳбуб 19 декабри соли 1918 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Падари вай Орифҷон Расулиро соли 1924  дар қатори дигар равшанфикрони тоҷик ба пойтахти Тоҷикистон -Душанбе фиристода буданд.  Соли 1930 падари Мушаррафа Қосимова оилаашро аз Самарқанд ба Душанбе овард. Мушаррафаи ҷавон дар он айём ба омӯзишгоҳи тиббии Тошкент дохил шуда, пас аз марги падар дар соли 1937 маҷбуран омӯзишгоҳро партофта,  ба назди хоҳару додаронаш бармегардад. Барои таъмини оила Мушаррафа бо кумаки яке аз хешон- Ғанӣ Абдулло ба театри драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор меравад. 
Маҳз дар ҳамин ҷо вай бо  шавҳари ояндааш, аввалин драманависи тоҷик Абдулҳақ Усмонов шинос мешавад. Соли 1942 Абдулҳақ Усмонов  қаҳрамонона дар Ҷанги Бузурги  Ҷаҳонӣ ҳалок мегардад. 
Бо амри тақдир пас аз якчанд сол Мушаррафа Қосимова бо ҳунарманди шинохта ва роҳбари бадеии театр Муҳаммадҷон Қосимов оиладор мешавад. М.Қосимова аз овони ҷавонӣ дар саҳнаи тоҷик ҳунарнамоӣ карда, бо намоишномаҳои театрӣ дар ноҳияву деҳаҳои Тоҷикистон баромад карда, доим дар байни мардум  буд. Мушаррафа Қосимова дар намоишномаҳои зиёде ҳунарнамоӣ кардааст, аз ҷумла, дар намоишномаҳои «Тӯй», «Зиндагӣ ва муҳаббат», «Модар», «Номаро ман навиштам», «Фармони Кадушоҳ» ва ғайра. Инчунин ин ҳунарпеша дар филмҳои ҳунарии «Нисо». «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Ҷавонии Насриддин» ва ғайра нақш бозидааст. 
Имрӯз ин зани ҳунарманд соҳиби набераю абераи зиёд буда, доим кӯшиш мекунад онҳоро дар сари як дастархон ҷамъ намояд. Дар чунин рӯзҳо вай дар бораи овони кӯдакӣ ва ҷавонӣ, таърихи гузаштагонаш нақл менамояд ва ҳама пайвандон бо завқ ин нақлҳоро гӯш мекунанд.  
Ҳарчанд солҳои охир М.Қосимова дар саҳнаи театр ва кино нақш намеофарад, вале доимо кӯшиш мекунад аз тариқи рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизион бо хабарҳои дохиливу хориҷи кишвар   ошно гардад. Ба гуфтаи вай имрӯз дӯсти беҳтаринаш рӯзнома мебошад. Ба 96- солагии худ нигоҳ накарда, «модар»-и театри тоҷик доимо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар робита буда, барои  барномаҳои телевизионӣ мусоҳибаҳо медиҳад. 
   М.Қосимова аз рӯзгори ба сар бурдааш шукрона дошта, фахр мекунад, ки меҳнати кардааш зоеъ нарафта ва онро қадрдонӣ кардаанд. 
Ин зани ҳунарманд ба ҳама насиҳат карда, сирри дарозумриашро  дар зиндадилию дӯст доштани зиндагӣ мебинад ва пайваста изҳор мекунад, ки ҳар як шахс бояд зиндагиро дӯст дорад. 
 Дар чунин рӯзи фархунда  ин ҳунарманди ба ҳама маҳбуби тоҷикро табрик намуда, барояш саломатӣ ва давлати пириро таманно дорем. 
 
 

Декабрь 19, 2014 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!