М.Муллоаҳмад-барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Лихачев
Душанбе, 2.12.2014 (АМИТ “Ховар”, Сабоҳат Қадамова).- Аз 24 то 26-уми ноябри соли равон дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия сессияи У111 Шӯрои табъу нашри китоби Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илмҳо ва конфронси илмии байналмилалии «Ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ дар қаламрави ИДМ дар заминаи рушди нашри китоб, мубодилаи китоб ва илми китобшиносӣ» баргузор шуд. Дар ҳамоиш намояндагон аз 9 кишвари ҷаҳон ширкат намуданд. Дар он Мирзо Муллоаҳмад, муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ ва А. Аслиддинова, директори Китобхонаи илмии ба номи Гандии АИ ҶТ Тоҷикистонро намояндагӣ намуданд. Дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш М. Муллоаҳмад дар мавзӯи «Маркази илмиву тарҷумавии «Байт-ул-ҳикмат» ва мавқеи он дар гуфтугӯи тамаддунҳои Шарқ ва Ғарб» сухан гуфт. Маърӯзаи А.Аслиддинова ба баррасии нусхаҳои нодири хаттие, ки дар китобхонаҳои Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ маҳфузанд, бахшида шуд. Ёдовар мешавем, ки бо қарори Шӯрои табъу нашр М. Муллоаҳмад ба узвияти он қабул шуд. Ҳамчунин озмуни Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илмҳо барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии ба номи академик Д.С.Лихачев ҷамъбаст гардид, ки дар он Мирзо Муллоаҳмад «Барои омӯзиши масъалаҳои фарҳанги миллии Тоҷикистон» бо ҷоизаи мазкур ва дипломи он мушарраф гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Академияи илмҳо хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






