Мақолаи Ҳамад Ал-Азмӣ перомуни сафари С. Аслов ба Кувейт

Декабрь 10, 2014 09:51

Душанбе, 10.12.2014. (АМИТ “Ховар”). — “Ҳамкорӣ бо Кувейт яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мост” (ВАЗИР АСЛОВ)
“Интизори сафари расмии қарибулвуқӯи Ҷаноби Амири Кувейт ба Тоҷикистон ҳастем ва умедворем, ки ин сафар барои ба қуллаҳои баланди дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯст ҳусни тоза мебахшад”  (ВАЗИР АСЛОВ)
“Мо дар Тоҷикистон низоми иқтисодии озодро роҳандозӣ кардаем, ки ба сармоягузорон ҳаракати озоди сармояро кафолат медиҳад”  (ВАЗИР АСЛОВ)
       Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳамкориҳои созанда  бо Давлати Кувейтро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвараш хонд. Вазир таъкид намуд, ки Давлати Кувейт дар ҷомеаи байналмилалӣ аз мавқеи олӣ ва устувор бархурдор аст ва  нақши рушдёбандаи он дар тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ назаррас мебошад.
       Вазир Аслов дар нишасти мабуотиии худ, ки бо бархе аз расонаҳои маҳаллӣ зимни сафари расмияш ба Давлати Кувейт баргузор гашт, иброз дошт, ки Кувейт аз аввалин кишварҳои арабӣ аст, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуда, онро ба расмият шинохт. “Мо дар ояндаи наздик бистумин солгарди робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Кувейтро ҷашн мегирем ва ин як рӯйдоди муҳими таърихӣ дар робитаҳои дуҷонибаи ду кишвар аст”. Ҷаноби Аслов таъкид намуд, ки ду кишварро дидгоҳҳо, мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳангсоз дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ муттаҳид мекунад. Ҳамзамон илова намуд, ки онҳо ба иттифоқи дуҷониба расиданд ва он дар анҷуманҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дидгоҳҳои яклухт ва ҳимояти мутақобилаи барои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои ҳар ду кишвар судмандро кафолат медиҳад. Вазир илова намуд: “Интизори сафари расмии қарибулвуқӯи Ҷаноби Амири Кувейт ба Тоҷикистон ҳастем ва умедворем, ки ин сафар барои ба қуллаҳои баланди дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯст расидан ҳусни тоза мебахшад”  (ВАЗИР АСЛОВ)
       Аслов дар давраи оянда иштироки Давлати Кувейтро дар омӯзиш ва баррасии масъалаҳо оид ба иҷрои тарҳҳои барқии обӣ, густариши хатҳои интиқоли барқ, сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард дар кишвараш баланд арзёбӣ намуда, аз кумак ва сармоягузории фонди кувейтӣ дар Тоҷикистон ситоиш кард. Вазир афзуд, ки кишвараш аз манобеъ ва сарватҳои табиии зиёд, ба монанди ангиштсангҳо, маводи маъданӣ, нефт ва газ бархурдор буда, бо Давлати Кувейт заминаи ҳамкорӣ барои истихроҷ ва коркарди чунин сарватҳои табиӣ имконпазир аст. Илова бар ин, роҳандозии ширкатҳо оид ба истеҳсоли семент, пунба, меваҷот ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ назаррас мебошад. 
Сармоягузорӣ
       Дар он хусус, ки Тоҷикистон ба Давлати Кувейт чӣ метавонад пешкаш кунад, вазир равшан сохт, ки имрӯз кишвараш аз тамоми шароитҳои лозимӣ ва муҳити умедворкунанда барои оғози ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ  ғанӣ аст. “Мо дар Тоҷикистон низоми иқтисодии озодро роҳандозӣ кардаем, ки ба сармоягузорон ҳаракати озоди сармоя ва пули миллиро  кафолат медиҳад”  (ВАЗИР АСЛОВ)
       Ҷаноби Аслов ҳамзамон ишора намуд, ки дар ҷараёни баргузории ҷаласаҳои қаблӣ ва феълӣ бо мақомоти кувейтӣ имконоти тавлиди об ва содироти он ба Кувейт баррасӣ шуд, аммо ин тарҳ ҳанӯз зери боли омӯзиш қарор дорад. Аммо мо тарҳи иншоотро барои бунёди зерсохтмонҳо, роҳҳои нақлиёт, оҳан ва ғайра пешниҳод кардаем. 
       Дар робита ба созишномаи аз ҷониби Кувейт сохтани беморхонаи замонавӣ дар Тоҷикистон вазир баён намуд, ки барои муайян кардани ҷои сохтмони ин беморхона баъзе мушкилиҳо вуҷуд дошт, лекин ҷониби кувейтӣ зарур донист, ки ҳар чи зудтар сохтмони ин иншоотро оғоз мекунад.
       Дар мавриди имкониятҳои нав, ки мумкин аст ба кувейтиҳо пешкаш шаванд, як намоиш оид ба гардишгарӣ роҳандозӣ шудааст ва он дар ҳошияи ин сафар баргузор мегардад. Вазири тоҷик таъкид намуд, ки онҳо ба тақвияти ҳамкориҳо бо Давлати Кувейт дар соҳаи гардишгарӣ ва инчунин дар дастрасӣ ва истифода аз таҷрибаи ғании ин кишвари дӯст барои густариши робитаҳо дар ин самт майли ҷиддӣ доранд. Ҷаноби Аслов изҳори боварӣ намуд, ки ин намоиш роҳеро барои афзоиши майлу рағбати мардуми шарифи Кувейт ба Тоҷикистон васеътар намуда, назари онҳоро ба кӯҳҳои осмонбӯс, табиати назаррабо ва меҳмоннавозии мардумаш ҷалб мекунад. Илова бар ин, ишора намуд, ки раводид барои шаҳрвандони Кувейт ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  мустақиман дода мешавад.
       Гузашта аз ин, вазир баён намуд, ки дар робита ба кушодашавии хатҳои мустақим байни ду кишвар бо ҷониби кувейтӣ мубодилаи афкор сурат гирифтааст ва онҳо зарурати ҳарчи зудтар ба имзо расидани ин созишномаро барои бартараф кардани мушкилоти сафар пешниҳод намуданд. “Ва ман, аз ҷониби худ ин масъаларо ба Ҳукумати кишварам пешниҳод менамоям, ҳамон тавр ки ҷониби кувейтӣ аҳд намуд. Ман мутмаинам, ки ин мавзӯъ ба таври мусбат ҳалл мешавад”  (ВАЗИР АСЛОВ)
       Дар робита ба тавофуқ байни ду кишвар оид ба истифода аз қувваи кории Тоҷикистон барои Кувейт ва  истифода аз таҷрибаи ғанияш вазир иброз дошт: “Ман боварӣ дорам, ки ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Кувейт дар бахши истифода аз қувваҳои кории барои ҳарду ҷониб судманд афзоиш меёбад”
Форуми ҳамкориҳои Осиё
       Аммо дар робита ба арҷгузорияш оид ба Форуми ҳамкориҳои Осиё, ки  ҷаласаи якумашро Давлати Кувейт мизбонӣ намуд, Ҷаноби вазир таъкид намуд, ки кишвараш нақши барҷаста ва пешбарандаи минтақавӣ ва байналмилалӣ (бахусус дар чаҳорчӯби муколамаи ҳамкориҳои осиёӣ)-и  Ҷаноби Амир, Ал-Шайх Сабоҳ Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ал-Сабоҳро ситоиш мекунад. Вай ишора намуд, ки ҳадафи муколамаи ҳамкориҳои осиёӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба сарчашмаҳо ва усулҳое, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷияш пайравӣ мекунад, мутобиқ аст. Ва ин усулҳое мебошанд, ки ба ҳамгироии минтақавӣ мусоидат мекунад. Ҷаноби Аслов таъкид намуд: “Мо зарур мешуморем, ки талошҳои кишварҳои иштироккунандаи муколама бояд умуман атрофи коҳишҳои тадриҷии тазодҳо ва фосилаҳое, ки ба пешрафти иқтисодӣ, ҷамъиятӣ ва технологии онҳо монеа эҷод мекунад, равона шуда, ба тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона саҳмгузор бошад. Илова бар ин, ҳимоят аз арзишҳои фарҳангӣ ва манфиатҳои башарият бояд аз муҳимтарин вазифаҳои муколамаи мо бошад”
       Дар мавриди нақши Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм вазир афзуд, ки мубориза бо терроризм аз авлавиятҳои Ҳукумати кишвараш барои ҳифзи сулҳу субот ва амнияти миллияш мебошад ва Тоҷикистон дар ин самт барои ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша омода аст. Бояд тазаккур дод, ки ҳоло як барномаи ҳукуматӣ барои мубориза бар зидди терроризм, падидаҳои хушунат ва ифротгароӣ роҳандозӣ шудааст ва ин барнома дар чаҳорчӯби барнома оид ба шиносоӣ, иқдомҳои террористӣ ва ҷилавгирӣ аз он рӯйи кор аст. Ин барнома марҳила ва равандҳои шомили тараққиёти ҷанбаҳои ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва расонаиро кафолат медиҳад.
 
Рӯзномаи кувейтии «Ватан», мақолаи Ҳамад Ал-Азмӣ (24 Ноябр 2014)
 
Аз забони арабӣ тарҷумаи Н.Маҳмадалиев 
 
 

Декабрь 10, 2014 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар ноҳияи Муъминобод 168 километр роҳи мошингард таъмир гардид
«Oila TV» – шабакаҳои телевизионӣ мувофиқи ҳар табъу завқ
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
АМАЛИЁТИ «ПИЁДАГАРД». Ҳадафи он коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар Тоҷикистон аст
МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Қоидаҳои иштирок ва мақоми онҳо дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР». Ин санад бузургтарин мероси маънавӣ дар миқёси умумибашарӣ аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Танбашавии мошинҳо дар роҳҳои байналмилалие, ки аз маркази шаҳри Ваҳдат мегузаранд, кай бартараф мегардад?
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 6 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ анҷом ёфт