Маҳви 3000 бех бангдона дар Кӯҳистони Мастчоҳ
Айнӣ, 27.12.2014.(АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Дар минтақаи Зарафшон шуъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 8 ҷиноятро ошкор ва 8 кг 784,89 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла 8 кг 734,46 грамм маводи нашъаовари навъи афюн, 2,77 грамм маводи нашъаовари сахттаъсири героинро мусодира намуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2014» 3000 бех ниҳоли бангдонаи худрӯй дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дарёфт ва маҳв шуд.
Тавре ки муовини сардори шуъба Шӯҳратҷон Арбобов иброз намуд, барои содир намудани ин ҷиноятҳо 15 нафар шахси гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва 6 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






