Маблағҳои БАРТ барои беҳдошти роҳҳои Тоҷикистон

Декабрь 24, 2014 11:48

 
Душанбе,  24.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Бонки аврупоии рушд ва тавсеа (БАРТ) ва мададгорони ҷаҳон барои  тармими  таъхирнопазири  роҳҳои  мошингарди  кишвар  беш  аз  5  миллион  доллари  ИМА  ҷудо  кардаанд. 
Тавре  ки  аз  намояндагии  БАРТ  дар  Тоҷикистон хабар  доданд, маблағи  қарзӣ иборат  аз 2  миллиону 540  ҳазор  доллари  ИМА ва қарзҳои  бебозгашт  баробар 2  миллион  доллар  имкон  медиҳанд, ки лоиҳаи  тармими  роҳҳо  муваффақона дар  амал татбиқ  карда  шавад. 
Маблағҳои барои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҷудокардашуда ҷиҳати   хариди  грейдеру  экскаваторҳо, мошинҳои  боркаш,  таҷҳизоти  озмоишгоҳҳо  ва техникаи   дигар истифода  мешаванд.
Вақтҳои наздик  татбиқи  боз  як лоиҳаи  бахши роҳҳои  мошингард оғоз  меёбад. Тоҷикистон  дар  асоси  ин  лоиҳа  барои  таҷдиду  навсозии  роҳи мошингард аз шаҳри  Душанбе  то  сарҳади  Ӯзбекистон 35  миллион  доллари  ИМА  мегирад. 
 
 

Декабрь 24, 2014 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад