Марги 130 нафар дар Ҳиндустон
Душанбе,30.12.2014. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Дар қисми шимолии Ҳиндустон бар асари боридани борону барфи зиёд беш аз 130 нафар ба ҳалокат расид. Гуфта мешавад, ки бештари қурбониёнро пиронсолон ва кӯдакон ташкил медиҳад. Аз офати табиӣ бештар сокинони штати Уттар-Прадеш азият мекашанд. Ба гуфти сокинони кишвар чунин номусоидии вазъи ҳаво муддати 10 сол боз ба қайд гирифта нашуда буд.
Душанбе,30.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои хабаргузориҳои Ройтерз ва Франс-пресс дирӯз як ҳавопаймои ширкати AirAsia QZ8501, ки аз шаҳри Сурабаяи Индонезия равонаи Сингапур буд, тамосаш бо бурҷи муроқибат қатъ шуда, нопадид гаштааст. Бояд гуфт, ки дар дохили ҳавопаймо зиёда аз 162 нафар мусофир будааст. Гуфта мешавад, ки барои дарёфти ҳавопаймо ҷустуҷӯи фаврӣ идома дорад.
Душанбе,30.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Парлумони Афғонистон ҳафтаи равон баъд аз баҳсу баррасиҳои тӯлонӣ тасмим гирифт, ки ҳайате аз вакилон бо раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавриди таъхир дар ташкили ҳукумати нав вориди гуфтугӯ шаванд. Мувофиқи иттилои котиби матбуотии вакилони парлумони кишвар сабаби то ҳол муаррифӣ нашудани ҳукумати нав мухолифат миёни раисиҷумҳур ва раиси иҷроия дар мавриди пешбарии номзадҳо ба мақомҳои калидист.
Душанбе,30.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои мақомоти амнияти миллии Яман дирӯз дар наздикии пойтахти Яман- шаҳри Санъо миёни гурӯҳи силоҳбадастони номаълум ва неруҳои давлатӣ тирпарронии мусаллаҳона ба амал омад. Дар ҷои ҳодиса 14 тан аз силаҳшӯрон ва 2 корманди мақомоти полис ба ҳалокат расида, 8 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт.
Душанбе,30.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Эрон дирӯз дар шаҳри Голпайегани Эрон 4 силоҳбадасти номаълум дар назди қароргоҳи кормандони мақомоти полиси кишвар ҳадафи оташфишонӣ қарор дода, дар ҷои ҳодиса 5 нафар аз кормандони мақомоти полис ҷон бохта, 5 тани дигар зарбҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Ҷинояткорон пас аз анҷом додани ин амали зишти хеш дарҳол аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






