Марказҳои савдо 1 феврали соли 2015 ба истифода дода мешаванд
Душaнбе, 11.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар марказҳои савдои аз сӯхтор осебдидаи «Сино», «Тоҷир» ва «Баҳор»-и шаҳри Хуҷанд корҳои азнавбарқароркунӣ ва сохтмонӣ идома дорад. Пойдевори асосии иншоот бунёд гардида, бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои сӯхтор ва иҷро намудани талаботи зиддисӯхторӣ дар сохтмон танҳо аз масолеҳи сохтмонии оҳану бетонӣ, хишти ба оташ тобовар истифода мешавад. Ҳамчунин дар ҳар як 20 метр нуқтаҳои обтаъминкунии зиддисӯхтор (гидранти обӣ) насб шудаанд.
Зимни боздид аз корҳои сохтмонӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки бо истифода аз ҳавои нисбатан мусоид теъдоди сохтмончиён зиёд карда шуда, дар санаи пешбинишуда-1 феврали соли 2015 бояд марказҳои савдо мавриди истифода ва хизматрасонӣ қарор гиранд.
Дар мавриди таъмини фарзандони соҳибкорони зарардида муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова иттилоъ дод, ки то имрӯз 102 нафар чунин соҳибкор барои мувақкатан озод намудани фарзандони онҳо аз пардохти маблағҳои таълимӣ ва тарбиявӣ муроҷиат намуданд, ки дархости ҳамаи онҳо қонеъ карда шуд. Дар баробари ин ба муассисаҳои тиббӣ зиёда аз 10 нафар осебдида барои барқарор намудани саломатиашон муроҷиат намуданд, ки ба онҳо низ кумаки тиббии саривақтии ройгон расонда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар баробари фаъолияти дубораи марказҳои савдо наздики 200 нафар соҳибкор ҷойи кории худро барқарор хоҳад кард.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






