Маркази тадқиқоти стратегӣ 20 — сола шуд
Душанбе, 31.12.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- 30 декабр дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 20 — солагии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии «Самтҳои стратегии рушди Тоҷикистони мустақил» баргузор гардид.Дар ин чорабинӣ дар баробари роҳбарият ва мутахассисони Марказ намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин корпуси дипломатии муқими ҶТ, аз ҷумла сафири Федератсияи Русия дар ҶТ И.С.Лякин — Фролов, сафири Ҷумҳурии Беларус О.А.Гаврук, намояндагони сафоратҳои Эрон, Афғонистон, Қазоқистон ва ғайра ширкат доштанд.Директори МТС Худобердӣ Холиқназар, муовинони директор Сайфулло Сафар ва Фаридаи Маҳмуд, сардори Раёсати таҳлилу тарҳрезии сиёсати хориҷӣ Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо ва дигарон сухан карданд. Директори МТС Худобердӣ Холиқназар зимни суханрониаш зикр намуд, ки Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС) 22 сентябри соли 1994 ба манзури баланд бардоштани сифат ва фаъолияти судманд дар амри таъмини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи иттилоотию таҳлилӣ қабул шуда буд. Маркази тадқиқоти стратегӣ тайи тамоми фаъолияти худ бо мақомоти марказии идораи давлатӣ (вазоратҳо ва кумитаю агентиҳо), мақомоти маҳаллии идораи давлатӣ ва сохторҳои тадқиқотӣ равобити корӣ дорад. Маркази мазкур ҳамзамон дар ҳошияи созишномаҳои ҳукуматӣ ва лоиҳаҳое, ки аз ҷониби иттиҳодияю созмонҳои байналмилалӣ дар амал татбиқ мешаванд, бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, Бонки умумиҷаҳонӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, СААД, САҲА, Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон, Маркази дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ (шаҳри Ашқобод) фаъолона ҳамкорӣ дорад.«Марказ ҳамчунин бо бархе марказҳои таҳлилии ҷаҳон, аз ҷумла марказҳои таҳлилии Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Федератсияи Русия ва ғайра муносибатҳои корӣ барқарор намудааст», — афзуд Худобердӣ Холиқназар.Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки маркази мазкур бо бунёду иттиҳодияҳои мухталифи ҷамъиятӣ ҳамкорӣ намуда, дар ҷумҳурӣ ва хориҷа равобити сершумори илмӣ барқарор намудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






